Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Улан-Батор


Масъуди Аҳмадзод, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”, ки дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор – ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 26-уми июл – ду паҳлавони тоҷик - Масъуди Аҳмадзод ва Муҳиддин Асадуллоев - дар вазни то 73 кило ба рақобат пардохтанд.

Паҳлавони 22-солаи тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар даври аввал бар варзишгари мизбон Энхтур Ҷугдергарав аз Муғулистон пирӯз шуд. Вай дар даври баъдӣ бар Карен Галстян аз дастаи бетараф (IJF) ғолиб омада, ба чорякфинал роҳ ёфт.

Масъуд дар даври чорякниҳоӣ бар Гаонуи Лин аз Чин ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Казбек Научевро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст дода, ба финал роҳ пайдо кард. Аммо Масъуд дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони 27-солаи муғул Уранбаяр Одгерел мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Ин аввалин медали Аҳмадзод дар “Grand Slam” ба шумор меравад.

Дарвоқеъ, Масъуди Аҳмадзод дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ, ки моҳи августи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, дар вазни то 71 кило дар финал Дилшод Буриеви узбекистониро шикаст дода, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Инчунин 26-уми июл дар “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025” дар вазни то 73 кило намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳиддин Асадуллоев, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Юдай Танакаи ҷопонӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 25-уми июл – чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Қазоқистон Нуродил Аржан пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Суфиев дар чорякфинал Туран Байрамови озарбойҷониро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Ҳайато Кондои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Сипас, Меҳрзод барои медали биринҷӣ аз Сухбат Бямбасурени муғул ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар вазни то 66 кило паҳлавони ҷавони тоҷик Ёсин Бобокалонов дар даври аввал бар Йержан Йеренкаюпови қазоқ дастболо шуда, дар даври баъдӣ аз Эрхембаяр Баттогтохи муғул мағлуб гашт. Дар ин вазн гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар даври аввал аз Ҳуе Зиянг аз Чин шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи занон Александра Кан дар вазни то 57 кило дар даври аввал бар Яқи Гонг аз Чин пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз Ксения Галитскаяи русиягӣ, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ҳунарнамоӣ кард, мағлуб гардид. Баъдан Кан дар даври тасаллобахш аз Номинтуя Энхбаатари муғул ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 кишвари 4 қораи олам номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд, ки дар шаш вазн байни мардон ва дар 2 вазн миёни занон рақобат мекунанд.

Дар рӯзи охирини мусобиқот – 27-уми июл - шаш паҳлавони тоҷик вориди рақобат мешаванд. Умедҷон Раҷабов, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ган-Эрдене Тсеренбат аз Муғулистон ва Минки Сонг аз Кореяи Ҷанубӣ нерӯ месанҷад. Дар ин вазн Мизробшо Лоиқов, ки дар даври аввал озод мебошад, дар даври дуюм бо Влад Висан аз Руминия ба рақобат мепардозад.

Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Антон Савитский аз Украина рӯбарӯ мешавад. Дар ин вазн Кароматулло Ҳакимов дар даври дуюм бо ҷудокори дастаи бетараф Идар Бифов қувва меозмояд.

Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо ҷудокори мизбон Хангарид Гантулга аз Муғулистон рақобат мекунад. Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило дар даври аввал бо ҷудокори бетараф Вероника Кафанова қувва меозмояд.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо касби 9 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) бо касби 6 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 28 кишвар дар зинаи ҳаштум ҷойгир шудааст.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро (4000 евро - варзишгар, 1000 евро - мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро - варзишгар, 600 евро - мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро - варзишгар, 300 евро - мураббӣ) сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG