Муаллифон: Наргис Ҳамробоева, Ёқуб Ҳалимов, Азаттик Азия, Мигрант медиа
Абдулазиз, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, пас аз хатми мактаби миёна барои кор ба Русия рафтааст. Дар бозор боркашӣ кардааст, фаррош ҳам будааст. Дар панҷ сол фақат ду бор ба дидори хонавода ба Тоҷикистон омадааст. Худаш мегӯяд: “На касб доштам, на забонро медонистам. Фикр кардам, ки дар ҳамонҷо ёд мегирам, ҳунаре меомӯзам ва пул кор мекунам. Моҳҳои аввал бисёр сахт буд, бо ҳамшаҳриҳоям дар хонаи якутоқаи иҷора зиндагӣ мекардем. Ҳашт нафар ҳамроҳам буд. Як бало карда, бароям кори боркаширо ёфтанд. Ҳоло фаҳмидам, ки мебоист, чӣ кор мекардам. Беҳтар буд, ки моро дар кишвари худамон омода мекарданд, то мо фақат аз хатоҳои худамон намеомӯхтем.”
Мисли Абдулазиз, солона даҳҳо ҳазор ҷавони тоҷик зиндагии худро аз сифр оғоз мекунад, яъне бе касбу ихтисос ва бе донистани забон. Ба гуфтаи вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, солона аз 600 то 700 ҳазор нафар барои кор ба хориҷ мераванд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ мегӯянд, бо назардошти муҳоҷирати мавсимӣ ва муҳоҷирати ғайрирасмӣ мумкин аст, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик ба як миллион нафар ҳам бирасад.
Аксари онҳо ба Русия мераванд. Соли 2024 дар муқоиса ба соли 2023 теъдоди муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, 107.6 дар сад бештар шудааст ва Тоҷикистон аз ин назар дар мақоми аввал қарор гирифтааст.
Чаро тоҷикон аз муҳоҷират даст намекашанд?
Дар Тоҷикистони 10 миллионнафарӣ, ки теъдоди аҳолӣ солона то 2 дар сад меафзояд, солона ба бозорӣ корӣ 160 ҳазор нафар илова мешаванд. Ниёз Қурбонов, намояндаи вазорати меҳнат ва муҳоҷират мегӯяд: «Мо саъй дорем, ки ҷойҳои корӣ офарем. Дар се сол 625 ҳазор ҷойи корӣ ва дар семоҳаи аввали имсол 42 ҳазор ҷойи нави корӣ офаридем. Мо хоҳем, ё нахоҳем, нерӯи кории изофӣ дар хориҷ ҷойи кор меҷӯянд. Бозори дохилӣ қодир ба таъмини ҳамаи онҳо бо ҷойи кор нест.»
Ба назари намояндаи вазорат, сафар барои кор ба хориҷ сабабҳои дигар ҳам дорад. Вазорати кор ва муҳоҷират мегӯяд, 13 дар сади муҳоҷирон, касбу ихтисоси мушаххасе надоранд. Музди миёнаи кор дар кишвар 2600 сомонӣ ва ё тақрибан 270 доллар аст. Агар дар муқоиса бигирем, Абдулазиз, ки беихтисос аст, дар Маскав назар ба Тоҷикистон ду баробар бештар ва ё 500 доллар мегирад.
Аз ин сабаб, ба гуфтаи Ниёз Қурбонов, яке аз вазифаҳои вазорат, табдили муҳоҷират ба як “раванди расмӣ ва бехатар” аст. Дар кишвар Барномаи ба касбомӯзӣ фарогирии шаҳрвандон барои солҳои 2025-2029 қабул шудааст, ки ҳадафаш табдил додани муҳоҷирати корӣ ба як раванди огоҳонаву бехатар аст.
Ниёз Қурбонов мегӯяд: «Мо созишномаҳои байнидавлатӣ мебандем, системаи қарордодиро ба роҳ мемонем. Ҳадафи мо таъмин кардани ҳар нафар бо кори муносиб дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Албатта бар асоси қонун ва таъмини ҳуқуқи онҳо.”
Иншоллоҳ, онҷо ёрӣ мерасонанд.
Виктор Лутенко, раҳбари дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳам ба ин назар аст, ки омода кардани муҳоҷирон барои кор дар хориҷ ва қабл аз сафар, беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот аст. Ба назари ӯ, дар кишваре, ки солона аҳолии қобили кор се маротиба зиёд мешавад, бояд зиракона аз ин нерӯ истифода бурд, зеро на ҳар кишвар ингуна дастони зиёди қобили кор дорад.
Виктор Лутенко мегӯяд: «Муҳоҷират як роҳи наҷот барои аксарият аст. Барои кишвар як абзори босамар барои мубориза бо камбизоатист. Ин равандро бояд ба як низоми фарогир даровард, аввал омӯзиш, кӯмак ва ёд додани ихтисос. Агар мо медонем, ки ҷавонон ба ҳар сурат мераванд, чаро бояд онҳоро аз қабл омода накунем. Муҳоҷир дар асл, як сармоягузори эҳтимолӣ, соҳибкор ва мутахассис аст. Давлат бояд бо ин артиши коргарон ҳаматарафа кор кунад.»
Вале ба гуфтаи Лутенко, ҳоло чунин чизе нест. Низоми маорифи Тоҷикистон ин воқеиятро ба инобат намегирад ва бисёре аз хатмкунандагон бе ягон омодагӣ ва аз рӯи «одат» мераванд ва касе ҳам онҳоро омода намекунад.
Виктор Лутенко меафзояд: «Садҳо ҳазор нафар худашон бо тарсу таваккал мераванд. Шиноснома гирифтанд, тамом ба Русия. Мегӯянд, иншоллоҳ онҷо ёрдам мекунанд. Ин як равиши хатарнок аст. Бе донистани забон, ҷойи иқомат ва санад хароҷот, фасод ва осебпазирии онҳо зиёд мешавад.»
Замира Муродова, коршиноси соҳаи муҳоҷират мегӯяд, тағйирот дар кишварҳои муҳоҷирпазир ҳам дар назар аст, ки ҳарчӣ бештар аз корҷӯён ихтисос ва ё санадҳои қонунӣ талаб мекунанд.
Замира Муродова мегӯяд: «Дар ояндаи дур маҳз омодагии касбии муҳоҷирон, забондонӣ ва огаҳии онҳо аз меъёрҳои қонунии кишварҳои муҳоҷирпазир метавонанд, вусъати кори ғайриқонунӣ ва сӯистифодаро кам кунанд. Илова бар ин муҳоҷири омода метавонад, бо хатари камтар, пули бештар ба даст биёрад.
Бо вуҷуди пешрафти иқтисод, муҳоҷират аз байн намеравад
Ақидаи коршиносон дар ин мавзӯ яксон аст, яъне бо вуҷуди рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ кам намешавад. Виктор Лутенко мегӯяд: «Даромад ҳар қадар афзоиш ёбад, ҳаракат зиёдтар мешавад. То замоне, ки Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ сари ҳар нафар ба 10 000 доллар нарасад, сафар ба хориҷ як кори маъмулӣ мемонад.»
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ, бо шарти зикр накардани номаш суҳбат кард гуфт, барои бисёре аз хонаводаҳои тоҷик, муҳоҷират дигар як расми зиндагӣ шудааст. Ӯ афзуд: Дигар ин як қарори муваққатӣ нест, балки шеваи зиндагӣ аст, ки аз волидон ба фарзандон мегузарад. Аз ин сабаб муҳим аст, ки ҳукумат ин воқеиятро нодида нагирад ва сиёсаташро бо назардошти дар хориҷ кор кардани миллионҳо шаҳрванди худ мутобиқ созад. Муҳоҷирро набояд ба ҳайси касе бидонанд, ки дигар давлат аз даст додааст. Ӯ ҳарҷо кӣ набошад, бояд як ҷузъи фаъоли кишвари худ бимонад.»
Дар ин миён Абдулазиз ҷомадонашро омода кардааст, то ба Русия баргардад. Баъди рухсатии кӯтоҳе, барои парвоз ба Маскав омодагӣ мегирад, ба зиндагие, ки барои ӯ ва садҳо ҳазор нафари дигари як воқеияти зиндагӣ шудааст.