Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи октябри имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин маълумот дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимаи дуюми соли 2025 нашр шудааст. Радиои Озодӣ 20-уми июл бо ин санад шинос шуд.
Ҷузъиёти бештари сафари Путин ба Душанбе маълум нест. Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи ин сафар расман чизе нагуфтаанд.
Дар барномаи кории ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар моҳи октябр дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ва вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ+Русия баргузор мешаванд. Зоҳиран яке аз ҳадафҳои сафари Путин ба Душанбе ширкат дар ин ҳамоишҳост.
Владимир Путин бори охир соли 2022 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ин аввалин сафари Путин баъди ҳамлаи Русия ба Украина буд. Дар ҷараёни он ягон санад имзо нашудаааст. Бар пояи таҳримҳои байнулмилал президенти Русия танҳо ба чанд кишвари ҷаҳон сафар карда метавонад. Додгоҳи байнулмилал дастури боздошти ӯро барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва зиддибашарӣ дар Украина содир намудааст.