Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
"Маъракаи фаҳмондадиҳӣ ва ё меҳмонии нохонда дар вилояти Хатлон". Тафсилот аз Маҳмудҷон Раҳматзода.
Дастаи футболи Файзканд дар ноҳияи Восеъ, ки имсол ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт, эҳтимол соли охири ҳузураш дар саҳнаи футболро пушти сар мекунад.Чаро?
Дар Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистон, сохтмони биноҳои маъмурӣ афзоиш ёфтааст. Чанд сол хабаре нашр шуда буд, ки эҳтимол Данғара маркази вилояти Хатлон шавад. Дар матбуот ҳам пешниҳод шуда буд, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ Данғара беҳтарин маркази маъмурӣ барои вилояти Хатлон аст. Дар асл чӣ?
Нархи молу маҳсулот дар бозори назди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боло рафтааст.
Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст.
Хукҳои ваҳшӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон даҳҳо ҳектор заминҳои кишту полезиҳои деҳқононро хароб кардаанд.
Хукҳои ваҳшӣ, ки саршуморашон дар минтақаи Кӯлоб зиёд шудааст, кишоварзонро ба дод овардаанд. Имсол ҳамлаи лашкари бузурги гурозҳо ба зироату киштзорҳои мардум зиёд шудааст ва деҳқонон ҳам ба сахтӣ ба онҳо муқовимат мекунанд.
Шаҳри Норакро аксаран бо нерӯгоҳи машҳураш мешиносанд. Аз соли 2015 гирифта, таваҷҷӯҳ ба гардишгарии дохиливу хориҷӣ дар ин шаҳр бештар шуд. Обанбори он ба ҷойи қаиқронӣ ва оббозӣ табдил ёфтааст. Аммо раиси ноҳия дар як нишасти хабарӣ аз сайёҳони дохилӣ шиква кард.
Фотима Раҳмонова, сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ, се моҳ боз дар ҳавлияш, дар рӯйи замин мехобад. Сел дар моҳи майи имсол ниме аз хонаи ӯро вайрон кард. Мегӯяд, ҳар боре нигоҳаш ба сақфу деворҳои чаппашуда меуфтад, ҷигараш хун мешавад, аммо тавони бозсозии онҳоро надорад.
Нишасти матбуотӣ дар Идораи ҷавонон ва варзиш дар минтақаи Кӯлоб. Суҳбат на дар бораи ҷавонон аст, на пешрафту душвории варзишгарон. Сухан аз мушкили масъулон ва кормандони ҳамин идора аст. Мегӯянд, чор моҳ боз ба ҷуз маош, харҷпулиро барои таъмири бино ва харидани варақу ашёи дигар нагирифтаанд.
Қалъаи машҳури "Мири Балҷувон"-ро дар ноҳияи ҳамномаш дар вилояти Хатлон аз нав сохтанд. Номаш ҳам нав шуд. "Қалъаи Балҷувон", бидуни "Мир".
Мақомоти Тоҷикистон як макони таърихӣ дар ноҳияи Балҷувонро бозсозӣ мекунанд, ки қаблан бо номи “Қалъаи мири Балҷувон” маъруф буд. Раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, баъдӣ навсозӣ номи мирро аз қалъа гирифта, онро танҳо қалъаи Балҷувон меноманд. Дар замони Шӯравӣ аз ин қалъа тақрибан нишоне намонда буд.
Аммо дар Душанбе масъулини Вазорати молия ва ҳам Кумитаи андоз аз барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷаи кишвар тавсиф мекунанд.
Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Восеъ сабаби марги як кӯдаки 5-сола ва як навраси 11-соларо маълум кардаанд. Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия, дар оғози моҳи август ва дар нишасти хабарӣ гуфт, марги фоҷиавии Иброҳимҷон Қосимӣ ва Абӯбакр Аламшоҳ аз моддаҳои кимиёвии кушанда буд.
Бо вуҷуди фаро расидани моҳи севуми тобистон, обанбори нерӯгоҳи "Норак", манбаи асосии тавлиди барқ дар Тоҷикистон, ба қадри кофӣ аз об пур нашудааст. Дар моҳҳои феврал-марти имсол камбуди ҷиддии барқ пеш омад ва мақомот сабаби онро кам шудани об дар ҳамин обанбор гуфта буданд.
Чаро то ҳол дар Норак оби зарурӣ ҷамъ нашудааст ва пайомади он чӣ хоҳад буд?
Беш аз 30 нафарро дар минтақаи Кӯлоб ба гуноҳи чидани пистаи хом ҷазо додаанд. Тоҳир Амиршоҳзода, мудири хоҷагии ҷангали минтақа, ҳафтае пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чаҳор нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, шаш нафар дар хоҷагии ҷангали Саричашма, 25 нафар дар хоҷагии ҷангали Данғара.”
Додситонии ҳарбии Кӯлоб натиҷаҳои санҷиши рафтори Зоҳир Муъминзода, раиси пешинаи Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба Додситонии кулли Тоҷикистон фиристод. Ин додрас (судя) ба латукӯби як марзбон гумонзад аст, ки дар посгоҳе аз Муъминзода ҳуҷҷатҳои мусофири мошинашро талаб кардааст.
Додситони низомӣ дар шаҳри Кӯлоб тафтиши рафтори додрасеро ба поён расондааст, ки ба латукӯби як сарбоз ва ё муқобила ба намояндаи ҳукумат муттаҳам мешавад. Зоҳир Муминзода, раиси пешини додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баъди ин кор аз мақомаш барканор шуд.
Ҳар рӯз то 25 ихроҷшуда аз Русия дар фурудгоҳи Кӯлоб аз ҳавопаймо поин мешаванд. Шумори онҳо танҳо дар 20 рӯзи моҳи июл аз ним ҳазор нафар гузаштааст. Дар миёни ин афрод сокиноне ҳаст, ки ба Русия ворид нагашта, аз фурудгоҳ бозпас шудаанд.
Ёфтҳои бештар